Тоҷикистон 300 ҳазор вояи воксини зиддикоронавируси чинии “КоронаВак”-ро ворид кард

Бо мусоидати корхонаи «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи истеҳсоли Чин оварда шуд. Шоми 20 июн 300 ҳазор вояи ваксинаи зидди сирояти коронавируси COVID-19 аз Чин ба Душанбе расонида шуд. Ин кӯмаки ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон аст. Ваксина бо хатсайри чартерии махсус, ки аз ҷониби […]

Бо мусоидати корхонаи «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи истеҳсоли Чин оварда шуд.

Шоми 20 июн 300 ҳазор вояи ваксинаи зидди сирояти коронавируси COVID-19 аз Чин ба Душанбе расонида шуд. Ин кӯмаки ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон аст.

Ваксина бо хатсайри чартерии махсус, ки аз ҷониби ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» (корхонаи фаръии ширкати ҶДММ “Ширкат оид ба захираҳои Тибет-Эверест”) ташкил шуд, ба Душанбе интиқол дода шуд.

Барои пешвози хатсайри махсуси чартерӣ намояндагони воломақоми ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати Чин дар ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони Дафтари кории «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» ба фурудгоҳ ҳозир шуданд.

Зикр мешавад, ки бо дастгирии “Хатҳои ҳавопаймоии ҷанубии Чин”, дипломатҳои Тоҷикистону Чин, инчунин сохторҳои марбута муяссар шуд, ки ин миқдор ваксина дар фурсати кӯтоҳ ба Душанбе расонида шавад, зеро алоқаи ҳавоии мустақим байни Тоҷикистону Чин, ки аз оғози паҳншавии сирояти коронавирус қатъ шуда буд, то ҳол барқарор нашудааст.

Қобили зикр аст, ки Чин ба иқдомҳои кумак ба кишварҳои эҳтиёманд ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои сирояти коронавирус тақвият бахшида, то ин дам зиёда аз 100 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ бо ваксинаи истеҳсоли Чин, ки самранокии баландаш тасдиқ шудааст, таъмин гардида, онро фаъолона истифода мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".