Mercedes то соли 2030 пурра ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ мегузарад

Ширкати Mercedes то соли 2030 аз истеҳсоли мошинҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз комилан даст кашида, ба васлу насби мошинҳои барқӣ мегузарад. Дар ин бора дар иттилоияи молики тамғаи ширкат Daimler хабар дода мешавад, менависад Медуза. Ҳама моделҳои нави Мерседес аз соли 2025 бо нерӯи барқ ​​кор карда, аммо дар муддати панҷ сол пас аз ин дар […]

Ширкати Mercedes то соли 2030 аз истеҳсоли мошинҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз комилан даст кашида, ба васлу насби мошинҳои барқӣ мегузарад. Дар ин бора дар иттилоияи молики тамғаи ширкат Daimler хабар дода мешавад, менависад Медуза.

Ҳама моделҳои нави Мерседес аз соли 2025 бо нерӯи барқ ​​кор карда, аммо дар муддати панҷ сол пас аз ин дар корхонаҳои ширкат истеҳсоли моделҳои кӯҳна бо муҳаррикҳои дарунсӯз идома хоҳад ёфт.

Ширкат инчунин тасмим гирифтааст, ки дар саросари ҷаҳон ҳашт корхонаи нави истеҳсоли батареяҳо барои мошинҳои барқӣ ва шабакаи ҷаҳонии истгоҳҳои таъмину сарфаи барқро бунёд кунад.

Баҳри амалисозии ин ҳадафҳо ширкати Mercedes 40 млрд евро маблағ ҷудо кардааст.

14 июл Комиссияи Аврупо консепсияи тарҳи муқовимат бо тағйирёбии иқлимро рӯнамоӣ кард. Дар яке аз бандҳои ин тарҳ зикр мегардад, ки аз соли 2035 фурӯши автомобилҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз дар Иттиҳоди Аврупо манъ мешавад.

Поёни моҳи июн ширкати Audi низ эълом дошт, ки аз мошинҳои дорои муҳаррики дарунсӯз даст мекашад. Ин ширкат ҳам ният дорад, ки аз соли 2026 комилан ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ гузарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.