Шералӣ Мирзо бо ҳамтоҳои русу қазоқаш вазъи марз бо Афғонистонро баррасӣ кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо 25 июл бо вазири мудофиаи Қазоқистон генерал-лейтенант Нурлан Ермекбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон, зимни гуфтугӯ вазирон вазъиятро дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва масъалаи расонидани кумак ба Тоҷикистон аз ҷониби Қазоқистонро барои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои мавҷуда баррасӣ намуданд.

Роҳбарони ниҳодҳои мудофиавии кишварҳр инчунин атрофи масоили омодагӣ ба машварати қарибулвуқӯи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе табодули назар карданд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май Қазоқистон изҳор дошт, ки ният дорад ба Тоҷикистон аз лиҳози ҳарбӣ-техникӣ кумак кунад.

Як рӯз пеш Шералӣ Мирзо тариқи телефон бо вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу гуфтугӯ карда, вазъият дар сарҳад ва тадбирҳои муштаракро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи таҳдиду хатарҳои марбут ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи “Азия-Плюс” дар сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон, вазирони мудофиаи кишварҳо ҷараёни татбиқи қарордодҳои қаблан ҳосилшуда байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия дар самти таҳқими моддӣ-техникии артиши Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкории ҳарбӣ-техникии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, вазирон ҳамчунин дар бораи тамринҳои низомии се кишвар – Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар Душанбе ба нақшаи гирифта шудааст, изҳори назар намуданд.

“Коршиносони ҳарбии Вазоратҳои мудофиаи Русия ва Ӯзбекистон аллакай ба Тоҷикистон омада, масоили баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористиро аз 5 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” таҳияву коркард мекунанд”, – зикр кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки бо иштироки ҷузъу томҳои ҳарбӣ аз Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз 5 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” тамринҳои муштарак баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...