Академияи идоракунии давлатӣ магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис додааст

Asia-Plus

Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон давраи таҳсилии магистратураи хосе бо номи "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон" таъсис додааст. Ин нуктаро имрӯз, Абдухалил Ғафурзода ректори ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст.

Бино ба гузориши хабаргузории "Ховар", бо нақл аз ин нишасти хабарӣ, раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ роҳандозӣ кунад.

Аммо дарин хабари "Ховар" гуфта нашудааст, ки ин давраи таҳсилро танҳо хидматчиёни давлатӣ фаро мегиранд ё ҳамаи муҳассилини ин Акадмеия.

Ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон давраи таҳсилии хосе дар мактабҳои олӣ, дар заминаи ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад. Ҳарчанд пештар аз ин, пешниҳодҳое дар бораи ҷорӣ кардани фанҳои алоҳидаи дарсӣ дар макотиби миёна ва олӣ шуда буд.

Аз ҷумла, соли 2015, баъди додани унвони Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон, Сиёвуш Наботов, як устоди  ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки дар макотиби миёна ва олии кишвар  омӯзиши “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” ба роҳ монда шавад.

Cиёвуш Наботов дар як матлабе, ки онро хабаргузории "Ховар" нашр карда буд, навишта буд, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, ки мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” дар макотиби олӣ дар фанҳои сиёсатшиносӣ ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар фанни таърих мавзӯоте мавриди баррасӣ ва омӯзишу таҳқиқ қорор гиранд, то насли нави имрӯз, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро надидааст, бе гумон бидонад, ки барҳамзанандаи алангаи ҷанги хонумонсӯз маҳз Пешвои имрӯзаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Он замон ин пешниҳоди ин устоди Донишгоҳи тиҷорат бо вокунишҳои сахте дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо рӯ ба рӯ шуда буд. 

Дар Донишгоҳҳои дигар ҳам курсҳои махсуси таълимие низ дар заминаи ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, аммо роҳандозии давраи хоси таҳсилии магистратура бори нахуст аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...