Академияи идоракунии давлатӣ магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис додааст

Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон давраи таҳсилии магистратураи хосе бо номи "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон" таъсис додааст. Ин нуктаро имрӯз, Абдухалил Ғафурзода ректори ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст. Бино ба гузориши хабаргузории "Ховар", бо нақл аз ин нишасти хабарӣ, раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи […]

Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон давраи таҳсилии магистратураи хосе бо номи "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон" таъсис додааст. Ин нуктаро имрӯз, Абдухалил Ғафурзода ректори ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст.

Бино ба гузориши хабаргузории "Ховар", бо нақл аз ин нишасти хабарӣ, раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ роҳандозӣ кунад.

Аммо дарин хабари "Ховар" гуфта нашудааст, ки ин давраи таҳсилро танҳо хидматчиёни давлатӣ фаро мегиранд ё ҳамаи муҳассилини ин Акадмеия.

Ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон давраи таҳсилии хосе дар мактабҳои олӣ, дар заминаи ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад. Ҳарчанд пештар аз ин, пешниҳодҳое дар бораи ҷорӣ кардани фанҳои алоҳидаи дарсӣ дар макотиби миёна ва олӣ шуда буд.

Аз ҷумла, соли 2015, баъди додани унвони Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон, Сиёвуш Наботов, як устоди  ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки дар макотиби миёна ва олии кишвар  омӯзиши “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” ба роҳ монда шавад.

Cиёвуш Наботов дар як матлабе, ки онро хабаргузории "Ховар" нашр карда буд, навишта буд, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, ки мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” дар макотиби олӣ дар фанҳои сиёсатшиносӣ ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар фанни таърих мавзӯоте мавриди баррасӣ ва омӯзишу таҳқиқ қорор гиранд, то насли нави имрӯз, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро надидааст, бе гумон бидонад, ки барҳамзанандаи алангаи ҷанги хонумонсӯз маҳз Пешвои имрӯзаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Он замон ин пешниҳоди ин устоди Донишгоҳи тиҷорат бо вокунишҳои сахте дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо рӯ ба рӯ шуда буд. 

Дар Донишгоҳҳои дигар ҳам курсҳои махсуси таълимие низ дар заминаи ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, аммо роҳандозии давраи хоси таҳсилии магистратура бори нахуст аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.