Фарҳод Раҳимӣ: «Ба кор даровардани реактори “Аргус” ба дарозо мекашад”

Муҳлати барқарор намудани кори реактори ҳастаӣ (ядроӣ)-и “Аргус” дар Тоҷикистон, ки соли 2020 дар назар буд, ба дарозо мекашад. “Бо сабаби зарурати мувофиқасозии доимии лоиҳа бо Агентии байнулмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқии зарурӣ, оғози татбиқи лоиҳа мавқуф гузошта мешавад”, – изҳор дошт имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба […]

Муҳлати барқарор намудани кори реактори ҳастаӣ (ядроӣ)-и “Аргус” дар Тоҷикистон, ки соли 2020 дар назар буд, ба дарозо мекашад.

“Бо сабаби зарурати мувофиқасозии доимии лоиҳа бо Агентии байнулмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқии зарурӣ, оғози татбиқи лоиҳа мавқуф гузошта мешавад”, – изҳор дошт имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, МАГАТЭ ҳар ним сол ҳолати бехатарии реакторро санҷида, айни замон корҳои таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқӣ бобати ба кор даровардани реактор дар арафаи анҷомёбист.

“Айни замон корҳои барқарорсозии иншоот 85% ба анҷом расидаанд”, – хабар дод академик.

Фрҳод Раҳимӣ зикр кард, ки маҳсулоте, ки баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар реактори “Аргус” истеҳсол мешавад, дар саросари дунё серталабу серхаридор хоҳад буд.

“Дар реактор истеҳсоли маводу дорувории тиббӣ барои муолиҷаи беморони саратон ба нақша гирифта шудааст”, – иброз дошт ӯ.

Маълумоти бештар муфассал дар бораи реактори “Аргус” бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар созишномаи охири моҳи феврали соли 2017 имзошуда байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ, дар навбати аввал иштироки олимони русиягӣ дар барқарорсозии кори реактор пешбинӣ шудааст.

Созишнома зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба тасвиб расида буд.

Дар созишнома масоили омодакунии кадрҳо барои Тоҷикистон дар заминаи макотиби олии Русия ва марказҳои илмиву таҳқиқотӣ дар соҳаи энергияи атомӣ зикр шудааст.

Оғози соли оянда дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи нави бактерияшиносӣ ва вирусшиносӣ ба кор медарояд.

Барои бунёди озмоишгоҳ МАГАТЭ ба сифати грант 1,2 млн евро ва ҳукумати Тоҷикистон – ҳудуди 2 млн сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.