Кӯмаки низомиву техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 13 июли соли равон ба имзои лоиҳаи созишнома дар бораи мусоидати ҳарбиву техникии ҳукумати Қазоқистон дар таъмини амният дар ноҳияҳои ҳамшафати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дастур медиҳад. Санадро аз номи ҳукумати Тоҷикистон сафири кишвар дар Қазоқистон ба имзо мерасонад. Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, кумаки ҳарбию техникӣ дар шакли ройгон […]

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 13 июли соли равон ба имзои лоиҳаи созишнома дар бораи мусоидати ҳарбиву техникии ҳукумати Қазоқистон дар таъмини амният дар ноҳияҳои ҳамшафати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дастур медиҳад.

Санадро аз номи ҳукумати Тоҷикистон сафири кишвар дар Қазоқистон ба имзо мерасонад.

Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, кумаки ҳарбию техникӣ дар шакли ройгон додани молу мулки ҳарбӣ расонида мешавад.

“Номгӯй ва ҳаҷми молу мулки ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо бо роҳҳои дипломатӣ дар давоми ду моҳ пас аз ба имзо расонидани Созишномаи мазкур мувофиқа карда мешавад”, – зикр мешавад дар лоиҳа.

Гуфта мешавад, кумаки гирифтаашро Тоҷикистон бояд танҳо бо мақсади таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон истифода барад.

Хароҷоти расонидани амволи ҳарбӣ то Душанбе (истгоҳи роҳи оҳани “Роҳатӣ”) аз ҳисоби ҳукумати Қазоқистон таъмин мешавад.

“Анҷоми расмиёти гумрукӣ ва эъломиякунонии амволи ҳарбии таҳвилшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон мутобиқи қонунгузории Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ амалӣ мегардад”, – таъкид мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Молу мулки ҳарбии таҳвилшаванда аз тамоми намуди пардохту андоз ва боҷҳо озод мебошад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май Қазоқистон изҳор дошт, ки ният дорад ба Тоҷикистон аз лиҳози ҳарбӣ-техникӣ кумак кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...