Кӯмаки низомиву техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 13 июли соли равон ба имзои лоиҳаи созишнома дар бораи мусоидати ҳарбиву техникии ҳукумати Қазоқистон дар таъмини амният дар ноҳияҳои ҳамшафати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дастур медиҳад.

Санадро аз номи ҳукумати Тоҷикистон сафири кишвар дар Қазоқистон ба имзо мерасонад.

Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, кумаки ҳарбию техникӣ дар шакли ройгон додани молу мулки ҳарбӣ расонида мешавад.

“Номгӯй ва ҳаҷми молу мулки ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо бо роҳҳои дипломатӣ дар давоми ду моҳ пас аз ба имзо расонидани Созишномаи мазкур мувофиқа карда мешавад”, – зикр мешавад дар лоиҳа.

Гуфта мешавад, кумаки гирифтаашро Тоҷикистон бояд танҳо бо мақсади таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон истифода барад.

Хароҷоти расонидани амволи ҳарбӣ то Душанбе (истгоҳи роҳи оҳани “Роҳатӣ”) аз ҳисоби ҳукумати Қазоқистон таъмин мешавад.

“Анҷоми расмиёти гумрукӣ ва эъломиякунонии амволи ҳарбии таҳвилшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон мутобиқи қонунгузории Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ амалӣ мегардад”, – таъкид мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Молу мулки ҳарбии таҳвилшаванда аз тамоми намуди пардохту андоз ва боҷҳо озод мебошад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май Қазоқистон изҳор дошт, ки ният дорад ба Тоҷикистон аз лиҳози ҳарбӣ-техникӣ кумак кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...