Ҷаримаи ронандаи “Ренҷ Ровер” дар Душанбе барои таваққуфи нодуруст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “қаҳрамон”-и навбатии шабакаҳои иҷтимоӣ – ронандаи автомашинаи “Range Rover”-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби корбарон фиристода шудааст, ҳолати таваққуфи нодурусти ин автомашина дар роҳи автомобилгарди бозори «Корвон» инъикос ёфтааст, ки боиси банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт гардидааст.

Ҳамзамон ин амали номбурда норозигии шаҳрвандону ронандагони дигар воситаҳои нақлиётро ба миён овардааст.

“Аз паси ин автомашина миқдори зиёди автомашминаҳо, аз ҷумла автобуси мусофирбар танба шуда, ронандаи “Range Rover”-и гунаҳкор ба ин ҳолат бошад, пайи харидкунӣ рафтааст”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, пас аз нашри навори видео кормандони милитсияи пойтахт ронандаи ин автомашина – сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон Исломиддин Алиевро пайдо намуданд.

Нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали ғайриқонунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд. Автомашинаи мазкур ба ҷаримагоҳи муваққатии Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...