Ҷаримаи ронандаи “Ренҷ Ровер” дар Душанбе барои таваққуфи нодуруст

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “қаҳрамон”-и навбатии шабакаҳои иҷтимоӣ – ронандаи автомашинаи “Range Rover”-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд. Тавре дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби корбарон фиристода шудааст, ҳолати таваққуфи нодурусти ин автомашина дар роҳи автомобилгарди бозори «Корвон» инъикос ёфтааст, ки боиси банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди […]

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “қаҳрамон”-и навбатии шабакаҳои иҷтимоӣ – ронандаи автомашинаи “Range Rover”-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби корбарон фиристода шудааст, ҳолати таваққуфи нодурусти ин автомашина дар роҳи автомобилгарди бозори «Корвон» инъикос ёфтааст, ки боиси банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт гардидааст.

Ҳамзамон ин амали номбурда норозигии шаҳрвандону ронандагони дигар воситаҳои нақлиётро ба миён овардааст.

“Аз паси ин автомашина миқдори зиёди автомашминаҳо, аз ҷумла автобуси мусофирбар танба шуда, ронандаи “Range Rover”-и гунаҳкор ба ин ҳолат бошад, пайи харидкунӣ рафтааст”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, пас аз нашри навори видео кормандони милитсияи пойтахт ронандаи ин автомашина – сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон Исломиддин Алиевро пайдо намуданд.

Нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали ғайриқонунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд. Автомашинаи мазкур ба ҷаримагоҳи муваққатии Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.