Санҷиши ВНМО, нашъамандӣ ва изи ангуштон. Қоидаҳои будубош дар Русия

Аз 29 декабри соли 2021 муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия барои иқомат дар ин кишвар бояд ҳатман изи ангуштони худро супоранд ё худ аз дактилоскопия гузаранд, хабар медиҳад “Известия” бо истинод ба дафтари матбуоти ВКД Русия. Ин қоида нисбат ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар зиёда аз 90 рӯз мемонанд, низ татбиқ карда мешавад, гуфтаанд […]

Аз 29 декабри соли 2021 муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия барои иқомат дар ин кишвар бояд ҳатман изи ангуштони худро супоранд ё худ аз дактилоскопия гузаранд, хабар медиҳад “Известия” бо истинод ба дафтари матбуоти ВКД Русия.

Ин қоида нисбат ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар зиёда аз 90 рӯз мемонанд, низ татбиқ карда мешавад, гуфтаанд дар Вазорат.

“Аз 29 декабри соли 2021 қонуни федералие эътибор пайдо мекунад, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷие, ки барои ҷустуҷӯи кор ба Федератсияи Русия омадаанд, инчунин ҳамаи дигар категорияҳои хориҷиёне, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз ба Русия меоянд, бояд ҳатман изи ангуштонашонро супоранд”, – омадааст дар изҳороти хадамоти матбуот.

Рӯзи 9 июл аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ВКД таҳиягардида маълум шуд, ки барои вуруд ё будубоши дарозмуддат дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ як санади ягонаи ҳомили (дорандаи) электронии маълумот мегиранд. Зикр гардид, ки барои гирифтани он дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба Русия супурдани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ зарур аст.

Ғайр аз ин, муоинаи тиббӣ бояд дар муҳоҷир мавҷуд набудани бемории вобастагӣ ба нашъамандӣ, ВНМО (ВИЧ) ва дигар бемориҳои сироятии барои атрофиён хатардоштаро тасдиқ намояд. Дар назар аст, ки муҳлати амали ин ҳуҷҷат 10 сол хоҳад буд.

Ҳамчунин моҳи июл маълум шуд, ки ВКД қоидаҳои маъмуриро ҷиҳати аз ҷониби корфармоён риоя шудани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон таҳия кардааст. Ба ин тариқ, кормандони ВКД санҷиши ҳуҷҷатҳоро ҳам ғайринақшавӣ ва ҳам ба таври сайёр дар маҳалҳо анҷом дода метавонанд.

Илова бар ин, дар Вазорат гуфтаанд, ки дар кадом ҳолатҳо будубоши хориҷиён дар Русия номатлуб мешавад. Ба ин тариқ, асос барои ин мақом “эҷоди хатари воқеӣ ба иқтидори мудофиавӣ ё амнияти давлат, ё тартиботи ҷамъиятӣ ва ё солимии аҳолӣ” буда метавонад.

Шаҳрванди хориҷие, ки будубош ё истиқоматаш дар Русия номатлуб эътироф шудааст, ба тарки кишвар ӯҳдадор мешавад. Дар акси ҳол, ӯро ихроҷ мекунанд, илова кардаанд дар ВКД.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.