Амруллоҳ Солеҳ: Муомилае, ки “Толибон” онро дикта кунанд, намепазирем. Яқин дорам, ки толиб шикаст мехӯрад

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон бо нашри як изҳороти тунд дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук гуфт, ки таҳти ҳеҷ шароите ва  дар баробари ҳеч имтиёзе, султаталабиро болои мардуми Афғонистон намепазирем. Ин изҳорот, ки  чанд лаҳза пеш  нашр шуд, пас аз хабарҳои эҳтимоли оташбаси шашмоҳа ва истеъфои Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, мебошад. Дар ин изҳорот, […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон бо нашри як изҳороти тунд дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук гуфт, ки таҳти ҳеҷ шароите ва  дар баробари ҳеч имтиёзе, султаталабиро болои мардуми Афғонистон намепазирем.

Ин изҳорот, ки  чанд лаҳза пеш  нашр шуд, пас аз хабарҳои эҳтимоли оташбаси шашмоҳа ва истеъфои Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, мебошад.

Дар ин изҳорот, оқои Солеҳ бо хитоб ба мардуми Афғонистон мегӯяд, ки "бароятон итминон медиҳам, ки  таҳти ҳеч шароите, зери ҳеч унвоне, дар баробари ҳеч имтиёзе, ба хотири ҳеч маслиҳате, султаталабиро болои мардуми Афғонистон намепазирем ва ба ҳеч муомилае, ки толиб шароити онро дикта ва таҳмил кунад, тан дар намедиҳам. Ба ҳеч муомилае, ки исмаш сулҳ  ва моҳияташ таслим бошад, тан дар намедиҳам. То ҷойе мақдур бошад, аз ҳаққи тамоми мардуми Афғонистон дифоъ мекунам".

Амруллоҳ Солеҳ дар ин изҳороташ мегӯяд, ки "аз ҷойгоҳи муовини нахусти раёсати ҷумҳурӣ тамоми сайъу талошро анҷом медиҳам, ки вазъият тағйир намояд ва яқин дорам, ки  толиб шикаст мехӯрад. Торих собит хоҳад сохт", – гуфтааст Солеҳ.

Солеҳ гуфтааст, ки неруҳои амниятиву дифоӣ ва хезишҳои мардумӣ дар ҳар ҷойе, ки раҳбарии дуруст шудаанд,  то кунун муқовимати сахт кардаанд ва бо қомати рост меҷанганд. 

Муовини нахусти раисҷумҳури Афғонистон қасам мехӯрад, ки "ба Худованд қасам ёд мекунам – ба руҳи пуршукуҳи раҳбарам қасам ёд мекунам, ки меросашро лаккадор намесозам. Ӯ гуфта буд, агар ба андозаи кулоҳаш замин боқӣ монда бошад, муқовимат мекунад. Ниёз нест барномаҳоямро аланӣ баён намоям. Ман дар реша ва тафаккур сарбози Аҳмадшоҳ Масъуд ва сарбози ҳаросат аз ормони ҳамешатобони муқовимат астам. Муқовимат, яъне ҳаросат аз иззати зан, мард, хонавода, ҳарими хусусӣ, каромати инсонӣ ва ҳаққи таъини заъомат барои ҳама миллати Афғонистон".

Амруллоҳ Солеҳ гуфтааст, ки "пирӯз мешавем, аммо бе қурбонӣ на".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.