Падару писару модар: Ҳамаи 6 нафаре, ки ба дарёи Панҷ сарозер шуданд, узви як хонавода буданд

Date:

Як манбаъи "Азия-Плюс" аз деҳаи Буғуши ноҳияи Ишкошим мегӯяд, ки ҳамаи онҳое, ки ҳангоми интиқоли мурда аз Душанбе дирӯз, бо мошини “Лексус” дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудаанд, узви як хонавода буданд.

Ба гуфтаи ҳамдеҳаҳои фавтидагон, ҳодиса замоне рух дод, ки сокинони деҳаи Буғуши Ишкошим Нисобегим Муродмамадова ҳамроҳи шавҳараш Тиллобеки Холдорбек, писарашон Вафои Тиллобек ва хоҳарзодааш Руслани Шакар тобути модари Нисобегим – Баҳсбегим Аёмбековаро аз шаҳри Душанбе ба Деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим мебурданд.

Ронанда ҳам яке аз наздикони узви ин оила- писари амаки Нисобегим Муродмамадова бо номи Шодибек Зераков будааст.

То ба ҳол, ҷасади ду нафар ва тобути зани фавтидаро пайдо кардаанд, вале тақдири се нафари дигар норавшан аст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, як мошини ҳомили 6 нафар сокини ноҳияи Ишкошим дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуда буд. Ин мошин ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия мебурд. Фоҷиаро дар суҳбат ба “Азия плюс” раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мусо Мирзозода таъйид кара буд.

– Ҳоло тобути зани фавтидаро ҳамроҳ бо ду нафар мусофир дарёфт карданд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома дорад,-гуфта буд раиси ноҳия Мирзозода.

Мавсуф гуфт, ки ҳамаи кормандони масъул ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд ва ҳодиса зери назорати шахсии раиси ВМКБ ва раисони ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то ба ҳол  ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...