Сафири Афғонистон: “Тибқи баъзе маълумот Ашраф Ғанӣ мустақиман ба Уммон парвоз кардааст”

Asia-Plus

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дарвоқеъ ҳам ба Тоҷикистон наомадааст.

Дар суҳбати кӯтоҳе бо “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуд, ки бобати тариқи транзит ба Тоҷикистон омадани Ашраф Ғанӣ гуфтушуниду дархосте сурат нагирифтааст.

«Дар бораи макони будубоши президенти фирорӣ маълумоти дақиқ нест. Аммо, тибқи баъзе маълумот, ӯ мустақиман ба Уммон парвоз кардааст”, – гуфт сафири Афғонистон.

Қобили зикр аст, ки 15 август Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ ҳамроҳ будаанд.

Нуристонӣ зикр кард, ки пас аз Тоҷикистон Ашраф Ғанӣ бояд ба кишвари сеюм равад, лекин ба кадом кишвар, ҳоло маълум нест.

Баъдан Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Ашраф Ғанӣ пас аз таваққуфи начандон тӯлонӣ ба Уммон парвоз кардааст.

Ҳамчунин хабарҳое ҷой доштанд, ки Ашраф Ғанӣ бо ҳамсараш, сардори ситод ва мушовири масоили амнияти миллӣ ба Тошканд фирор кардааст. Мақомоти расмии Ӯзбекистон ин маълумотро на тасдиқ кардаанду на инкор.

Дар ҳамин ҳол, дар ин робита имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...