Боздошти корманди яке аз мактабҳои олӣ бо зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ пора

Ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ Зокир Маҳмадализода ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад. “Ӯ барои мусоидат ба дохил намудани як шаҳрванд ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва гирифтани баҳои имтиҳон дар се ҳолат ҷамъ маблағи 7 ҳазору 250 сомонӣ гирифта, ба ваъдааш вафо […]

Ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ Зокир Маҳмадализода ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад.

“Ӯ барои мусоидат ба дохил намудани як шаҳрванд ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва гирифтани баҳои имтиҳон дар се ҳолат ҷамъ маблағи 7 ҳазору 250 сомонӣ гирифта, ба ваъдааш вафо накардааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, нисбати Зокир Маҳмадализда мутобиқи моддаи 247 қ.2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар сурат исботи гуноҳаш, ба ӯ то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.