Сафири Афғонистон: “Тибқи баъзе маълумот Ашраф Ғанӣ мустақиман ба Уммон парвоз кардааст”

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дарвоқеъ ҳам ба Тоҷикистон наомадааст. Дар суҳбати кӯтоҳе бо “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуд, ки бобати тариқи транзит ба Тоҷикистон омадани Ашраф Ғанӣ гуфтушуниду дархосте сурат нагирифтааст. «Дар бораи макони будубоши президенти фирорӣ маълумоти дақиқ нест. Аммо, тибқи баъзе […]

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дарвоқеъ ҳам ба Тоҷикистон наомадааст.

Дар суҳбати кӯтоҳе бо “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуд, ки бобати тариқи транзит ба Тоҷикистон омадани Ашраф Ғанӣ гуфтушуниду дархосте сурат нагирифтааст.

«Дар бораи макони будубоши президенти фирорӣ маълумоти дақиқ нест. Аммо, тибқи баъзе маълумот, ӯ мустақиман ба Уммон парвоз кардааст”, – гуфт сафири Афғонистон.

Қобили зикр аст, ки 15 август Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ ҳамроҳ будаанд.

Нуристонӣ зикр кард, ки пас аз Тоҷикистон Ашраф Ғанӣ бояд ба кишвари сеюм равад, лекин ба кадом кишвар, ҳоло маълум нест.

Баъдан Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Ашраф Ғанӣ пас аз таваққуфи начандон тӯлонӣ ба Уммон парвоз кардааст.

Ҳамчунин хабарҳое ҷой доштанд, ки Ашраф Ғанӣ бо ҳамсараш, сардори ситод ва мушовири масоили амнияти миллӣ ба Тошканд фирор кардааст. Мақомоти расмии Ӯзбекистон ин маълумотро на тасдиқ кардаанду на инкор.

Дар ҳамин ҳол, дар ин робита имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.