Вакили парлумони Тоҷикистон: “Ашраф Ғанӣ ба мардуми Афғонистон хиёнат кард”

“Ба сурати умум, бо тарки кишвар Ашраф Ғанӣ ба мардуми Афғонистон хиёнат кард", – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” пешвои Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саидҷаъфар Усмонзода. Ҳамзамон сиёсатмадори тоҷик бар ин назар аст, ки бо сари қудрат расидани “Толибон”, ҳамаи давлатҳои минтақа зери хатар қарор мегиранд. “Ҳаракати Толибон, ки қудратро дар Афғонистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Ба сурати умум, бо тарки кишвар Ашраф Ғанӣ ба мардуми Афғонистон хиёнат кард", – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” пешвои Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саидҷаъфар Усмонзода.

Ҳамзамон сиёсатмадори тоҷик бар ин назар аст, ки бо сари қудрат расидани “Толибон”, ҳамаи давлатҳои минтақа зери хатар қарор мегиранд.

“Ҳаракати Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, ҳеҷ гоҳ ба ваъдаи террор накардани аҳолии кишвар ва афви мухолифонаш вафо нахоҳад кард. Дар ҳама минтақаҳои зери тасарруфи Афғонистон қарордоштаи “Толибон” кӯдакону занон ва мардон, инчунин ҳамаи онҳое, ки бо сиёсати онҳо розӣ нестанд, аллакай кушта мешаванд", – гуфт вакил.

Усмонзода бар ин назар аст, ки “ ҳарчанд раҳбарияти “Толибон” ҷиҳати барқарор намудани тартибот дар Афғонистон хеле майлу хоҳиш дошта бошад ҳам, ин ба онҳо муяссар нахоҳад шуд”.

«Зеро онҳо аз уҳдаи назорати дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпешаи худ баромада наметавонанд. Ба назарам, роҳи ягонаи раҳоӣ аз вазъи кунунии Афғонистон ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аст, ки ба ҳайати он шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ, намояндагони тамоми миллатҳои ин кишвар шомил шаванд, лекин “Толибон” ҳеҷ гоҳ ин иқдомро нахоҳанд пазируфт”, – илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.