Дар яке аз корхонаҳои Душанбе таркиш рух дод

Date:

Дар қаламрави ҶДММ “Нӯшокиҳои Искандар” воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шоми рӯзи 28 август таркиш рух дод.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин корхона нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол шуда, молики он сокини 34-солаи пойтахт Мирзоискандар Дониёров мебошад.

Гуфта мешавад бинобар сабаби риоя нагардидани техникаи бехатарӣ дастгоҳи фишордиҳии (компрессор) корхонаи мазкур таркидааст.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи таркиши дастгоҳи фишордиҳӣ хушбахтона, ягон нафар зарари ҷисмонӣ надидааст.

Дар бораи ҳаҷми зиёни расида ба корхона бар асари ин таркиш маълумот дода нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...