Қирғизҳо дар Чоркӯҳ ду хонандаи мактаб ва зану марди тоҷикро латукӯб кардаанд

Имрӯз, 23 сентябр, як гурӯҳ сокинони наздимарзии Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Тоҷикистон хонандагони мактабро аввал сангборон ва баъдан латукӯб кардаанд. Дар ин бора, сокинони маҳаллӣ ва як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия плюс” хабар доданд. “Ҳодиса имрӯз тақрибан соати 11:00 рух дод. Қирғизҳо аз деҳаи ҳаммарзи Куктош ду духтарча – хонандаи […]

Имрӯз, 23 сентябр, як гурӯҳ сокинони наздимарзии Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Тоҷикистон хонандагони мактабро аввал сангборон ва баъдан латукӯб кардаанд.

Дар ин бора, сокинони маҳаллӣ ва як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия плюс” хабар доданд.

“Ҳодиса имрӯз тақрибан соати 11:00 рух дод. Қирғизҳо аз деҳаи ҳаммарзи Куктош ду духтарча – хонандаи мактаби 64-ро аввал сангборон ва баъдан латукӯб кардаанд.  Онҳо ба ин маҳдуд нашуда ба хонаи онҳо даромада волидайнашонро низ латукӯб кардаанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сокини маҳаллӣ.

Ба гуфтаи манбаъ даҳону бинии мард шикаста, алҳол дар беморхонаи бистарӣ аст. Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудани се нафарро дар натиҷаи ин ҳодиса тасдиқ карданд, аммо маълумоти бештар надоданд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” гуфт баъди ҳодиса раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва раиси шаҳр ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва бо ҳамтоёни қирғизашон гуфтугӯ доранд. Натиҷааш ҳоло маълум нест. 

Дар мавриди сабабҳои сар зудани ҳодиса иттилоъ дода намешавад.

Тафсилот мушаххас карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.