Президент дар ноҳияи Темурмалик Боғи Парчам ва майдони Нишони давлатиро боз кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 сентябр ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, нахуст Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи мазкур дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ навсозӣ гардида, дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан шинонида шуданд ва […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 сентябр ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, нахуст Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи мазкур дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ навсозӣ гардида, дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан шинонида шуданд ва ҳамчунин ҳудуди боғро 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ зебу зиннат мебахшад.

Дар идома сарвари давлат дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода дод.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида, баландии он бо дарназардошти сутунпоя 50 метр, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 ба 7 метрро ташкил медиҳад.

Сипас бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Майдони Нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад.

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба ноҳияи Балҷувон омада, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ҳузур дошт.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Ёдрас мекунем, ки 25 сентябр Эмомалӣ Раҳмон эҳтимол ба ВМКБ сафар кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.