Президент бо сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Бино аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст. Тамоми ҳуҷраҳои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод.

Бино аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст. Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нав бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст.

Дар идома бо иштироки сарвари давлат маросими ба истифода додани  бинои филиали №75 БДА “Амонатбонк” баргузор шуд, ки ба зиёда аз 2 ҳазору 230 нафақахӯр ва 78 муассисаҳои давлатии ноҳия хизматрасонӣ хоҳад кард.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмонии 2 бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшид. Дар биноҳои бунёдшаванда 50 хонаи истиқоматии барҳаво, аз ҷумла 10 хонаи 1 ва 40 хонаи 2 ҳуҷрадор ҷойгир карда мешавад.

Гуфта мешавад, мутобиқи нақша оянда дар ин ҷо боз як бинои дигари 5 ошёнаи истиқоматии хизматӣ сохта мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ президент дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр, сутунпояи Парчами давлатӣ – 35 метрро ташкил дода, матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Сипас сарвари давлат Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок кард. Масоҳати он 3,68 гектар ва майдони умумии зери иншоот – 1446 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Баъди ба истифода додани варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаълони ноҳия мулоқот карда, ифтитоҳи варзишгоҳро туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод кард.

Зимни суханронӣ дар мулоқот зикр шуд, ки сокинони заҳматқарини ноҳия ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолият то ба имрӯз 380 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоиро бунёду азнавсозӣ кардаанд ва дар даҳҳо иншооти дигар корҳои бунёдкориву азнавсозӣ идома доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.