Русия аз 5 октябр шумори парвозҳоро ба Тоҷикистон зиёд мекунад

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда байни ҷонибҳо Русия аз 5 октябр шумори хатсайрҳои доимии ҳавоиро бо Тоҷикистон зиёд мекунад. Ситоди фаврӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар қаламрави Русия чунин тасмим гирифтааст, менависад Интерфакс. Ба ин тариқ, аз 5 октябр шумори парвозҳо ба Тоҷикистон бо хатсайри Маскав – Хуҷанд ва Маскав – Кӯлоб то ду […]

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда байни ҷонибҳо Русия аз 5 октябр шумори хатсайрҳои доимии ҳавоиро бо Тоҷикистон зиёд мекунад. Ситоди фаврӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар қаламрави Русия чунин тасмим гирифтааст, менависад Интерфакс.

Ба ин тариқ, аз 5 октябр шумори парвозҳо ба Тоҷикистон бо хатсайри Маскав – Хуҷанд ва Маскав – Кӯлоб то ду парвоз дар як ҳафта зиёд карда мешавад.

Ғайр аз ин, шумори хатсайрҳо аз фурудгоҳҳои Русия ба шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб то ду парвоз дар як ҳафта ба ҳар кадоме аз хатсайрҳо низ зиёд мешавад.

Ситоди фаврии Русия инчунин дар бораи барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ бо хатсайри Маскав – Ош (Қирғизистон) чор парвоз дар як ҳафта, хатсайри Санкт-Петербург – Бишкек, Санкт-Петербург – Ош ва Новосибирск – Ош, Красноярск – Ош, Екатуеринбург – Ош ва Иркутск – Ош як парвоз дар ҳар кадоме аз хатсайрҳо қарор қабул кардааст.

Илова бар ин, байни Маскав ва якчанд шаҳрҳои Ӯзбекистон (Бухоро, Урганҷ, Самарқанд, Намангон, Фарғона, Андиҷон, Тирмиз), инчунин аз дигар шаҳрҳои Русия ба Ӯзбекистон алоқаи ҳавоӣ боз мешавад.

Ёдрас мекунем, ки парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз 27 август барқарор шуданд. Манбаи “Азия-Плюс” дар Агентии авиатсия гражданӣ он замон хабар дода буд, ки нархи билетҳо акнун ба андозаи 40% поин мераванд, лекин вазъ тағйир наёфт.

Дар бораи сабабҳои поин нарафтани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо суроғаи зерин маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.