Ҳабси роҳбарони тарабхонаҳои “Лондон” ва “Парасту” дар Душанбе

Кормандони милитсияи пойтахт 21 сентябр роҳбарони тарабхонаҳои “Лондон” – Умедҷон Саидқулзода ва “Парасту” – Беҳрӯз Садриддиновро боздошт намуданд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, онҳо сарфи назар аз бевақтии шаб, ба корашон идома додаанд: мувофиқи қонун, ба тарабхонаҳо дар пойтахт то соати 23:00 кор иҷоза шудааст. “Дар ин тарабхонаҳо […]

Кормандони милитсияи пойтахт 21 сентябр роҳбарони тарабхонаҳои “Лондон” – Умедҷон Саидқулзода ва “Парасту” – Беҳрӯз Садриддиновро боздошт намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, онҳо сарфи назар аз бевақтии шаб, ба корашон идома додаанд: мувофиқи қонун, ба тарабхонаҳо дар пойтахт то соати 23:00 кор иҷоза шудааст.

“Дар ин тарабхонаҳо тартиботи реҷаи корӣ дар вақти шабона вайрон шуда, берун аз вақти муқарраргардида фаъолияташонро идома додаанд”, – омадааст дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, ҳамзамон қоидаҳои санитарию гигиенӣ низ вайрон шуда, инчунин дар бевақтии шаб бо овози баланду гӯшхароши мусиқӣ оромии шаҳрвандон халалдор ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти шабона риоя нашудааст.

Зикр мегардад, ки бо қарори суд ба У.Саидқулзода ба муҳлати 5 ва Б.Садриддинов – 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.