Оҷонсӣ: Нархи чиптаи рафту омад байни Тоҷикистону Русия бояд то $500 бошад

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ мегӯяд нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия барои ҳарду самт (рафту омад) бояд ҳудуди $450-500 бошад. Дар ин бора, дар ҷавоби расмии Оҷонсӣ ба дархости “Азия-Плюс” гуфта шудааст. “Ин нарх барои рафту омад аст, яъне нархи чиптаи дутарафа. Масалан, агар аз Душанбе ба Маскав чипта бо нархи $300 фурӯхта шавад, аз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ мегӯяд нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия барои ҳарду самт (рафту омад) бояд ҳудуди $450-500 бошад. Дар ин бора, дар ҷавоби расмии Оҷонсӣ ба дархости “Азия-Плюс” гуфта шудааст.

“Ин нарх барои рафту омад аст, яъне нархи чиптаи дутарафа. Масалан, агар аз Душанбе ба Маскав чипта бо нархи $300 фурӯхта шавад, аз Маскав ба Душанбе нархи чипта бояд $200 бошад”, – шарҳ дод мутахассиси оҷонсӣ.

Зикр мегардад, ки ин нархнома аз моҳи июни соли ҷорӣ тасдиқ карда шуда, поён рафтани арзиши чиптаҳо ба роҳандозии парвозҳои мунтазам рабт дорад. Ин дар ҳолест, ки то роҳандозии хатсайрҳои мунтазам ҳам нархи парвозҳои чартерӣ $500-ро ташкил медод, чун ширкатҳо фақат аз як самт бо мусофир парвоз мекарданду аз самти дигар холӣ.

Дар мактуби ҷавобии Оҷонсӣ гуфта мешавад, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия бо мактуби расмӣ тасдиқ кардаанд, ки чиптаро бо нархи на бештар аз $500 ба ҳарду самт хоҳанд фурӯхт.

“Айни замон, арзиши чипта нисбати пешин бамаротиб арзонтар буда, дар нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ нархи он ба самтҳои Федератсияи Русия 5600-5900 сомониро ба харду самт (рафту омад) ташкил медиҳад”, – омадааст дар мактуби оҷонсӣ.

"Сомон Эйр": "Мо имтиёзҳо дорем"

Дар мактуб дар бораи паст кардани нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз ҷониби ширкати ватании “Сомон-Эйр” чизе гуфта нашудааст.

Аммо аз ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба “Азия плюс” иттилоъ доданд, ки айни ҳол нархи чиптаҳо барои ҳарду самт аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ва баръакс 440 доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар "Сомон Эйр" қайд карданд, ки ширкати онҳо дорои имтиёзҳои иҷтимоӣ буда, дар дигар ширкатҳои хориҷӣ ин имтиёзҳо дида намешаванд. 

"Пеш аз ҳама, чиптаҳои “Somon Air” барои ҳамаи парвозҳо баргардонида мешаванд. Масалан, агар яке аз аъзои оилаи парвозкунанда натиҷаи мусбии сирояти коронавирус дошта бошад ва дар натиҷа тамоми оила парвоз карда натавонад, танҳо бо пешниҳоди натиҷаи ташхиси ПЦР мо маблағи чиптаҳоро дар ҳаҷми 100%, бе ситонидани ҷарима бармегардонем. Илова бар ин, кӯдакони то 2 – сола тариқи ширкати мо ройгон парвоз мекунанд ва ба кӯдакони то 12 -сола 50% тахфиф дода мешавад. Айни замон қариб дар ҳар як парвоз 30-40% аз мусофирон кӯдакон мебошанд",- шарҳ доданд аз ширкати мазкур.

Арзон шуд, вале…

Аз рӯйи нишондоди Оҷонсӣ нархи чипта байни Тоҷикистону Русия арзон шудааст, аммо ҳамоно мусофирон аз нархи гарони чипта мегӯянд. Чанде пеш мушоҳидаи “Азия плюс” дар нуқтаҳои чиптафурӯшии пойтахт нишон дод, ки нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия барои як тараф аз 5 то 6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Чиптаи арзонро аз ширкатҳои Русия барои моҳҳои ноябр ва декабр метавон пайдо кард. Ба гуфтаи чиптафурӯшон, қисми бештари чиптаҳо барои моҳи сентябр ва нимаи авввали октябр аллакай фурухта шудаанд ва чиптаҳои боқимонда бо нархи гарон фурӯхта мешаванд. 

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар мактубаш сабаби инро “аз сӯи сокинон ба барвақтӣ харидорӣ шудани чиптаҳо” маънидод кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 27 август парвозҳои мунтазам ба самти Русия оғоз шуд ва беш аз 75 парвоз дар ҳафта ба ҳарду самт анҷом  дод мешавад. Он вақт Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ гуфта буд, тақрибан ҳамаи парвозҳои мунтазам ба самти Русия, ки пеш аз пандемия буд, барқарор мешаванд ва нархи чиптаҳо ба таври назаррас арзон хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.