Ба ӯзбекистониҳо барои даъвати то 100 нафар ба тӯйҳо иҷоза шуд

Аз 20 сентябр дар Ӯзбекистон ба баргузории тӯйҳо ва дигар ҷашну маросимҳои оилавӣ бо иштироки то 100 нафар иҷоза шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, менависад Фергана. Ду моҳ пеш, 20 июл Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус шумори меҳмонон дар тӯйҳоро то 50 нафар маҳдуд карда буд. Дар ҳамин […]

Asia-Plus

Аз 20 сентябр дар Ӯзбекистон ба баргузории тӯйҳо ва дигар ҷашну маросимҳои оилавӣ бо иштироки то 100 нафар иҷоза шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, менависад Фергана.

Ду моҳ пеш, 20 июл Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус шумори меҳмонон дар тӯйҳоро то 50 нафар маҳдуд карда буд. Дар ҳамин ҳол, ба тӯй даъвати танҳо хешовандони дар мавзеи гирду атрофи баргузории тӯй иқоматдошта имкон дошт.

Ҳамчунин аз 20 сентябр Комиссияи махсус ба баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ на танҳо дар фазои кушод, балки дар дохили биноҳои пӯшида низ иҷоза дод.

Дар ҳамин ҳол, созмондиҳандагони чорабинӣ ва ҳайати хизматрасонӣ бояд гувоҳнома (сертификат)-и QR-код дар бораи ваксина гирифтан дошта бошанд.

Ҳама бо шумули тамошобинон бояд ниқоби муҳофизатӣ дошта, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода кунанд. Тасмими иҷозаи меҳмонон бидуни гувоҳнома дар бораи ваксина гирифтан, ба салоҳдиди худи созмондиҳандагони чорабинӣ вогузор шудааст.

Боз як сабуксозии маҳдудиятҳо – аз 24 сентябр бекор шудани талаботи баргузории намози ҷума дар фазои кушоди масҷидҳо мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣӣ Ӯзбекистон, то 18 сентябр дар ҷумҳурӣ ҳудуди 3,7 млн нафар пурра ваксина гирифтаанд. Ҳадди ақалл як вояи онро 10,4 млн нафар гирифтаанд.

Ҳамагӣ 18,2 млн вояи ваксинаҳо истифода шудааст. Шумори ваксингирифтаҳо аз ҳама бештар дар водии Фарғона – вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон сабт шудааст. Дар ин вилоятҳо ҳамагӣ қариб ба 6 млн нафар ваксина гузаронида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.