Президент ба Сангвор 150 млн сомонӣ маблағгузорӣ ваъда дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯ дар доираи сафар ба ноҳияҳои водии Рашт бо фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот ороста, дар он доир ба дурнамои рушди ноҳияи изҳори назар кард. Бино ба иттилои хадамоти сарвари давлат, президент зикр кард, ки барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯ дар доираи сафар ба ноҳияҳои водии Рашт бо фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот ороста, дар он доир ба дурнамои рушди ноҳияи изҳори назар кард.

Бино ба иттилои хадамоти сарвари давлат, президент зикр кард, ки барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 914 млн сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин муддат дар ноҳия ҷиҳати бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, афзоиши интиқоли нерӯи барқ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқарорсозии инфрасохтори деҳот ва бахшҳои дигар 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи беш аз 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 3 лоиҳаи дигар идома дорад.

Сарвари давлат изҳор доштааст, ки инчунин, дар ин давра ба ноҳия 150 млн сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

“Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор барои солҳои 2021 – 2025 барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти таъиноти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалисозии 174 лоиҳа ба маблағи умумии 150 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст”, – таъкид доштааст сарвари давлат.

Қобили зикр аст, ки то вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок карда, ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшид ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонон боздид намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.