ВКХ Русия ҷойгиршавии паноҳандагон аз Афғонистонро дар Осиёи Марказӣ истисно намекунад

Имконияти ҷойгир кардани паноҳандагони афғон дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсадҳои башардӯстона истисно намешавад, аммо ин тасмим дар ихтиёри кишварҳои минтақа аст. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко чунин изҳори назар кардааст. Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст: "Ҳуқуқи чӣ гуна кор гирифтан бо гурезаҳо аз Афғонистон дар навбати аввал ба худи […]

Имконияти ҷойгир кардани паноҳандагони афғон дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсадҳои башардӯстона истисно намешавад, аммо ин тасмим дар ихтиёри кишварҳои минтақа аст. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко чунин изҳори назар кардааст.

Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст: "Ҳуқуқи чӣ гуна кор гирифтан бо гурезаҳо аз Афғонистон дар навбати аввал ба худи кишварҳои минтақа вобаста аст".

"Дарвоқеъ ҳам, онҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки воридшавии гурезаҳо метавонад боиси афзоиши хатари таҳдидҳои террористӣ гардад", – гуфтааст муовини вазир. – Аз ин рӯ, онҳо ба ин масъала хеле эҳтиёткорона муносибат мекунанд.

Аммо, бо вуҷуди ин, то ҷое ки ман огаҳам, ҳолатҳои ҷойгиркунии баъзе категорияҳои гурезаҳои афғон бо мақсадҳои башардӯстона истисно карда намешавад. Аммо, бори дигар мегӯям, ки ин салоҳияти худи кишварҳои Осиёи Марказист ".

Ёдрас мекунем, ки қаблан ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон бо ёрии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ месозад.

Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо эълон карда буд, ки барои кумак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро ҷудо мекунад. Дар баёнияи ин ниҳод аз 14-уми сентябр гуфта шуда буд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, эҳтимол то 5 ҳазор фирориён паноҳ баранд.

Эҳтимоли иштирокчии гуфтушунидҳо шудани Русия

Андрей Руденко ҳамчунин зикр кардааст, ки эҳтимол дорад Русия дар музокироти аъзои ҳаракати тундгарои “Толибон” ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузур дошта бошад.

Ба гуфтаи ӯ, Русия ташаббуси Тоҷикистону Покистонро дар бораи ташкили музокироти ҷонибҳои мухолифи афғон дар Душанбе мусбат қабул кард.

"Мо ҳама гуна муколамаро, ки метавонад ба сулҳу субот дар Афғонистон оварда расонад, дастгирӣ мекунем. Агар Русия даъват шавад, мо ин даъватро бодиққат баррасӣ хоҳем кард", – илова намудааст Руденко.

Қобили зикр аст, ки зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имрон Хон дар Душанбе ҷонибҳо ҷиҳати ташкили гуфтушунидҳо байни намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер ва ҳаракати “Толибон” дар Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Намояндагони ҳукумати ҳар ду кишвар муҳимияти сулҳу субот дар Афғонистонро барои минтақаҳои ҳамсоя таъкид доштанд.

Ба гуфтаи Имрон Хон, “пас аз вохӯрӣ бо роҳбарони ҳамсоякишварҳои Афғонистон, бахусус баъди гуфтушуниди тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ман бо “Толибон” дар бораи бунёди ҳукумати фарогир дар Афғонистон гуфтушунид оғоз намудам”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.