Дар ҷануби Тоҷикистон барои паноҳандагони афғон урдугоҳ месозанд

Тоҷикистон бо ёрии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ месозад, менависад Радиои Озодӣ. Як манбаъи радио дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтааст, барои сохтани урдугоҳ ё паноҳгоҳ дар баробари мавзеи Хирманҷо боз ду макони дигарро ҳам интихоб кардаанд. "Сафири Иттиҳоди […]

Радиои Озодӣ

Тоҷикистон бо ёрии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ месозад, менависад Радиои Озодӣ.

Як манбаъи радио дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтааст, барои сохтани урдугоҳ ё паноҳгоҳ дар баробари мавзеи Хирманҷо боз ду макони дигарро ҳам интихоб кардаанд.

"Сафири Иттиҳоди Аврупо ба дидани маконҳое меояд, ки дар онҷо урдугоҳ бояд сохта шавад. Пас аз ин, сохтани урдугоҳ дақиқ хоҳад шуд. Ҳоло ду-се мавзеъ дар ноҳияи мо мушаххас шудааст", – илова кардааст манбаъ, ки нахостааст ному насабаш зикр шавад.

Гуфта мешавад, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарии тобистонааш изҳор дошта буд, ки онҳо дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) бо кумакҳои созмонҳои байналмилаӣ як урдугоҳ месозанд.

Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо эълон карда буд, ки барои кумак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро ҷудо мекунад. Дар баёнияи ин ниҳод аз 14-уми сентябр гуфта шуда буд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, эҳтимол то 5 ҳазор фирориён паноҳ баранд.

Эълони Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мулоқоташ бо Мулугета Зевди, роҳбари намояндагии Комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR), аз набудани ёрӣ дар "20 соли гузашта" шикоят карда буд.

Пас аз суқути вилоятҳои шимолии Афғонистон ба дасти «Толибон», садҳо нафар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Тоҷикистон фирор карданд. Баъзе аз онҳо, бахусус низомиён, ба кишвари худ бозпас фиристода шуда, қисме дар вилояти Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо бо такя ба UNHCR – Дафтари Созмони Милал дар умури паноҳандагон пешбинӣ кардааст, ки "то охири соли 2021 метавонад, дар Тоҷикистон то 50 ҳазор гуреза сабти ном шавад". Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.