Сокини Хуҷанд ба куштани кӯдаки 3-сола гумонбар мешавад

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба гумони даст доштан дар куштани кӯдаки 3-сола боздошт намуданд. Боздоштшуда қаблан барои ҷиноятҳои дуздӣ ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон маҳкум шуда будааст. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 11-уми майи соли 2020 ӯ дар хонаи истиқоматии иҷорааш, […]

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба гумони даст доштан дар куштани кӯдаки 3-сола боздошт намуданд.

Боздоштшуда қаблан барои ҷиноятҳои дуздӣ ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон маҳкум шуда будааст.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 11-уми майи соли 2020 ӯ дар хонаи истиқоматии иҷорааш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, нисбати фарзанди 3-солааш шубҳа пайдо мекунад, ки охирон фарзанди ӯ нест.

“Дар ин замина нафрат пайдо карда, кӯдакро лату кӯб ва дар охир ӯро бо дастонаш бӯғӣ мекунад, ки дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат мерасад”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, сипас рӯзи 12-уми май ӯ ҷасади хурдсолро ба заминҳои бекорхобидаи деҳаи Учбоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қ.2 Кодекси ҷинояти ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар сурати исбот шудани гуноҳ ба боздоштшуда ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.