Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони қолаби “С5+1” иштирок кард

Дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк 22 сентябр бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори қолаби “С5+1” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва котиби давлатии ИМА ширкат варзиданд. Тавре департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии […]

Дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк 22 сентябр бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори қолаби “С5+1” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва котиби давлатии ИМА ширкат варзиданд.

Тавре департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон табодули назар намуданд.

Дар вохӯри масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ баррасӣ шуд.

Дар ин росто вазирон ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо ва иқдомҳои ҳамоҳангшудаи муштарак байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Бино ба маълумоти ВКХ Ӯзбекистон, вазирон оид ба масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 табодули афкор намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, ба нафъи расонидани кӯмак ба мардуми афғон барои пешгирии бӯҳрони башардӯстона, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки ба ҳамгироии ин кишвар ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунанд, изҳори назар карданд.

Онҳо махсусан ба зарурати муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо чолишҳои умумӣ ва таҳдидҳо ба суботу амнияти кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Дар поёни нишаст  изҳороти муштарак қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.