Русия аз 5 октябр шумори парвозҳоро ба Тоҷикистон зиёд мекунад

Asia-Plus

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда байни ҷонибҳо Русия аз 5 октябр шумори хатсайрҳои доимии ҳавоиро бо Тоҷикистон зиёд мекунад. Ситоди фаврӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар қаламрави Русия чунин тасмим гирифтааст, менависад Интерфакс.

Ба ин тариқ, аз 5 октябр шумори парвозҳо ба Тоҷикистон бо хатсайри Маскав – Хуҷанд ва Маскав – Кӯлоб то ду парвоз дар як ҳафта зиёд карда мешавад.

Ғайр аз ин, шумори хатсайрҳо аз фурудгоҳҳои Русия ба шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб то ду парвоз дар як ҳафта ба ҳар кадоме аз хатсайрҳо низ зиёд мешавад.

Ситоди фаврии Русия инчунин дар бораи барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ бо хатсайри Маскав – Ош (Қирғизистон) чор парвоз дар як ҳафта, хатсайри Санкт-Петербург – Бишкек, Санкт-Петербург – Ош ва Новосибирск – Ош, Красноярск – Ош, Екатуеринбург – Ош ва Иркутск – Ош як парвоз дар ҳар кадоме аз хатсайрҳо қарор қабул кардааст.

Илова бар ин, байни Маскав ва якчанд шаҳрҳои Ӯзбекистон (Бухоро, Урганҷ, Самарқанд, Намангон, Фарғона, Андиҷон, Тирмиз), инчунин аз дигар шаҳрҳои Русия ба Ӯзбекистон алоқаи ҳавоӣ боз мешавад.

Ёдрас мекунем, ки парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз 27 август барқарор шуданд. Манбаи “Азия-Плюс” дар Агентии авиатсия гражданӣ он замон хабар дода буд, ки нархи билетҳо акнун ба андозаи 40% поин мераванд, лекин вазъ тағйир наёфт.

Дар бораи сабабҳои поин нарафтани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо суроғаи зерин маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...