Конгрессменҳои ИМА аз Аҳмади Масъуд ва Ҷабҳаи муқовимат дастгирӣ карданд

Конгрессмени ИМА Майк Уолтс ва сенатор Линдсей Грэм, ки аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА намояндагӣ мекунанд, бо раҳбари ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон дар Афғонистон Аҳмад Масъуд сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ин бора дар як изҳороти муштараки сиёсатмадорон, ки рӯзи чоршанбе дар торнамои Майк Уолтс нашр шудааст, маълумот дода мешавад. "Гуфтугӯ бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Фронти […]

Конгрессмени ИМА Майк Уолтс ва сенатор Линдсей Грэм, ки аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА намояндагӣ мекунанд, бо раҳбари ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон дар Афғонистон Аҳмад Масъуд сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ин бора дар як изҳороти муштараки сиёсатмадорон, ки рӯзи чоршанбе дар торнамои Майк Уолтс нашр шудааст, маълумот дода мешавад.

"Гуфтугӯ бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Фронти миллии муқовимат дар Афғонистон ифтихори бузург буд. Аз суҳбат бо Аҳмад Масъуд хурсанд шудем, ки ӯ ба муқовимат бо бераҳмии Толибон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои заминавии инсон содиқ мемонад", – гуфта мешавад дар изҳороти конгрессмен.

Уолтс ва Грэм бар ин назаранд, ки, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ИМА набояд Толибонро эътироф кунанд, зеро "ҳукумати Толибон ва низомиёни онҳо аз “Ал-Қоида” (созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва дигар гурӯҳҳои террористӣ иборатанд".

"Мо аз маъмурияти Байден даъват мекунем, ки ба ҳама гуна талошҳо барои эътирофи Толибон ҳамчун ҳукумати Афғонистон ва ба ҳама даъватҳо барои намояндагии Толибон дар Созмони Милали Муттаҳид муқовимат кунад", – навиштаанд онҳо.

Моҳи август ин сиёсатмадорон аз президенти ИМА даъват карданд, ки Аҳмад Масъуд ва ноиби президенти пешин Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси намояндаи ҳукумати қонунии Афғонистон эътироф кунад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.