Аз энергетика то Афғонистон. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон

Сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, барои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд. Сарвари давлати Тоҷикистонро президенти Фаронса Эммануэл Макрон гарму самимӣ […]

Asia-Plus

Сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, барои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд. Сарвари давлати Тоҷикистонро президенти Фаронса Эммануэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номиданд.

Имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсонию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм низ муҳокима карда шуд.

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самти муҳими робитаҳои ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар имкониятҳои фарохи афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва фаъолгардонии сармоягузориро доранд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор ва саноат, инчунин ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд аст.

Ба иштироки фаъоли ҷониби Фаронса дар азнавсозии инфрасохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор, баҳои баланд дода шуд. Дар ин зимн ҳамчунин ба иштироки ҷониби Фаронса дар амалисозии ислоҳот ва мукаммалсозии системаи бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки ифтитоҳи намояндагии Агентии Фаронса оид ба рушд дар Тоҷикистон метавонад барои ҳамкории васеъ ва татбиқи босамари ҳадафҳои рушд мусоидат намояд.

Фаъолгардонии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ва Ассотсиатсияи ширкатҳои МЕДЕФИ Фаронса аз имконоти дигари ҷоннок кардани ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод муҳим номида шуд. Аз омодасозии Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо барои давраи то соли 2026 изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар кишвари мо, ҷудо кардани квотаҳо ба донишҷуён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ, баррасӣ карда шуд.

Дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки таъмини амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.  

Зарур шумурда шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд.

Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз президенти Фаронса даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.