Макрон: “Фаронса ва Тоҷикистон дар робита ба Афғонистон мавқеи муштарак доранд”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дирӯз дар Париж ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар робита ба вазъи амниятии Осиёи Миёна ва Афғонистон гуфтугӯ мекунанд. Макрон ба хабарнигорон гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон як марзи муштараки тӯлонӣ дорад ва мо дар робита ба ин кишвар мавқеи муштарак дорем. Раиси ҷумҳури Фаронса […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дирӯз дар Париж ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар робита ба вазъи амниятии Осиёи Миёна ва Афғонистон гуфтугӯ мекунанд.

Макрон ба хабарнигорон гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон як марзи муштараки тӯлонӣ дорад ва мо дар робита ба ин кишвар мавқеи муштарак дорем.

Раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди кӯмаке, ки Фаронса метавонад ба ин кишвар барои беҳтаршавии вазъ дар Афғонистон бикунанд, сӯҳбат хоҳад кард.

Макрон афзуд: "Набояд бо гурӯҳҳои террористӣ созиш шавад ва набояд ба нақзи арзишҳое, ки мо аз онҳо дифоъ мекунем, ба вижа эҳтиром ба ҳуқуқи занон, гузашт карда шавад".

Тоҷикистон ва Фаронса аз кишварҳоеанд, ки мавқеашонро дар робита ба ҳукумати тозатаъсиси гурӯҳи терористии Толибон рӯшан баён кардаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.