6:0 – Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бар дастаи Непал

Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В”байни ҷавонони то 23-сола (U-23), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бозии дуюми мунтахаби олимпии Тоҷикистон доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ бо тими Непал, ки дар Варзишгози марказии пойтахт баргузор шуд, футболбозони тоҷик ба дарвозаи ҳарфи 6 тӯби беҷавоб ворид карданд. […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В”байни ҷавонони то 23-сола (U-23), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бозии дуюми мунтахаби олимпии Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ бо тими Непал, ки дар Варзишгози марказии пойтахт баргузор шуд, футболбозони тоҷик ба дарвозаи ҳарфи 6 тӯби беҷавоб ворид карданд.

Дар бозии дуюми гуруҳи “В” мунтахаби Эрон бо ҳисоби 2:0 бар дастаи Лубнон дастболо шуд.

Ба ин тариқ, футболбозони ҷавони тоҷик дар ду бозӣ 7 тӯб ба дарвозаи ҳарифон равона карда, бо таносуби 7-0-и тӯбҳо дар садри ҷадвал қарор гирифтанд. Эрон зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 31 октябр дар бозии даври сеюм байни тимҳои Тоҷикистону Эрон тақдири ягона роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022 аз гуруҳи “В” ҳал мешавад. Барои Тоҷикистон натиҷаи мусовӣ ҳам кофист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.