ДИИШ: дар ҳамла ба беморхонаи Чорсадбистар як низомии баландпояи Толибонро куштем

Гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи рӯзи сешанбе ба беморхонаи Чаҳорсадбистари Сардор Довудхони Кобулро ба дӯш гирифт ва иддао кард, ки дар ин ҳамла яке аз низомиёни баландпояи "Толибон"-ро кушт. Ин гуруҳ мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо 40 тан аз неруҳои толибонро куштааст. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати толибон гуфтаанд, ки дар пайванд ба ин ҳодиса ду хориҷӣ боздошт […]

Asia-Plus

Гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи рӯзи сешанбе ба беморхонаи Чаҳорсадбистари Сардор Довудхони Кобулро ба дӯш гирифт ва иддао кард, ки дар ин ҳамла яке аз низомиёни баландпояи "Толибон"-ро кушт. Ин гуруҳ мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо 40 тан аз неруҳои толибонро куштааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати толибон гуфтаанд, ки дар пайванд ба ин ҳодиса ду хориҷӣ боздошт шудааст, аммо аз онҳо ном бурда нашудааст.

Рӯзномаи "8 субҳ" бо нақл аз хабаргузории Франспресс менависад, ки дар ҳамлаи дирӯз бар беморхонаи Чаҳорсадбистар Мавлавӣ Ҳамидуллоҳ Мухлис, як масъули баландпояи низомии "Толибон" кушта шудааст.

Мавлавӣ Мухлис фармондеҳи як воҳиди низомии бузург (қулурду) барои Кобул буд. Франспресс ҳамчунин бо нақли қавл аз мақомҳои амниятии ҳукумати сарпарасти "Толибон" навиштааст, ки дар воқеъ яке аз фармондеҳони ин гуруҳ дар ин набард кушта шудааст.

Бар асоси маълумоте, ки вуҷуд дорад, Мавлавӣ Ҳамидуллоҳ Мухлис аъзои шабакаи "Ҳаққонӣ", афсари неруҳои вижаи қитъаи "Бадрӣ" ва фармондеҳи Қулурдуи Кобул мебошад.

Манбаи хабаргузорӣ дар даруни "Толибон" гуфтааст, ки Мавлавӣ Мухлис дар як набарди тан ба тан кушта шудааст.

Ҳамлаи чанд муҳоҷими мусаллаҳ ба ин беморхона нисфирӯзи сешанбеи 2-юми ноябр сурат гирифт ва даргириҳо то соати 19-и шоми он рӯз давом карданд. Гуфта мешавад дар ин ҳамлаҳо 19 тан кушта шудааст.

Гуруҳи ДИИШ, ки бо нашри як эъломия масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт, иддао кард, ки ин ҳамла аз сӯйи 5 ҷангҷӯяш ҳамоҳанг ва анҷом шудааст. ДИИШ 5 сол пеш ҳам масъулияти як ҳамлаи маргбор ба ин беморхонаро ба дӯш гирифта буд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон" ҳам гуфт, ки ин ҳамла бо кушта шудани ҳамаи ҳамлакунандаҳо ба поён расид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.