Тоҷикистон футболбозони хориҷиро аз андоз озод кард.

Ҳукумати Тоҷикистон мураббиён ва футболбозони хориҷиеро, ки соли оянда аз хориҷ ба дастаҳои кишвар меоянд, аз пардохти молиёт озод кардааст. Дар Қонуни буҷаи соли 2021, ки ҳамин ҳафта дар матбуоти дохилӣ нашр шуд, омадааст, мураббиён ва бозигароне, ки аз хориҷ барои рушди клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон мураббиён ва футболбозони хориҷиеро, ки соли оянда аз хориҷ ба дастаҳои кишвар меоянд, аз пардохти молиёт озод кардааст.

Дар Қонуни буҷаи соли 2021, ки ҳамин ҳафта дар матбуоти дохилӣ нашр шуд, омадааст, мураббиён ва бозигароне, ки аз хориҷ барои рушди клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.

Дар қонуни мазкур омадааст, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва воҳидҳои тобеи он ва дастаҳои футбол дар умум аз пардохти молиёт аз амволу нақлиёт озод ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.