Қатар дар Душанбе иншооти варзишӣ месозад

Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода рӯзи 14 декабр бо сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло мулоқот кард. Тавре КМО ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода аз робитаҳои дӯстонаи ду давлат дар ҳамаи самтҳо, ки бо шарофати роҳбарони кишварҳо амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Гуфта мешавад, Иброҳим ибни Муҳаммад […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода рӯзи 14 декабр бо сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло мулоқот кард.

Тавре КМО ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода аз робитаҳои дӯстонаи ду давлат дар ҳамаи самтҳо, ки бо шарофати роҳбарони кишварҳо амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфта мешавад, Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло низ дар навбати худ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро тавсиф намуд, аз ҷумла робитаҳои кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум ба роҳ монда шудааст.

“Дар мулоқот масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла сохтмони як иншооти варзишӣ барои варзиши сабук дар шаҳри Душанбе, ба роҳ мондани машқҳои дастаҷамъии дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар дар Қатар ва Тоҷикистон баррасӣ гардиданд”, – омадааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.

Дар фарҷом Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон китоби роҳнамои Бозиҳои Осиё-2030 ва Абдуллозода ба ҷаноби сафир туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Давлати Қатар дар чанд соли охир иқдомҳои бузургро дар соҳаи варзиш рӯи даст гирифт. Аз ҷумла соли оянда давлати Қатар мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва соли 2030 мизбони Бозиҳои Осиё хоҳад буд, ки як такони ҷиддӣ дар рушди варзиши минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд.

Давлати Қатар қаблан низ ба сохтмони иншшот дар пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла бинои масҷид дар Душанбе маблағгузорӣ кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.