Порошенкоро дар Укроин ба хиёнат ба давлат муттаҳам карданд

Asia-Plus

Дар Укроин раисҷумҳури пешин Пётр Порошенкоро ба хиёнат ба давлат ва мусоидат ба терроризм гумонбар донистаанд. Алайҳи ӯ бо гумони хариди ангишт аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс парванда боз кардаанд.

Дар ин бора расонаҳои укроинӣ ва русӣ хабар додаанд. Gazeta.ru бо нақли қавл аз сардори раёсати тафтишотии Хадамоти амнияти Укроин Анатолий Бунич навиштааст, ки Порошенко дар мақоми раёсатҷумҳури аз салоҳиятҳои худ истифода карда, барои қатъи шартномаи воридоти ангишсанг аз Ҷумҳурии Африқои Марказӣ дастур додааст ва бо талаби Русия барои бастани шартномаи ворид кардани ангишт аз манотиқи рӯ ба Русия –  Донбасс мусоидат кардааст.

Таҳқиқот алайҳи Порошенко  бар асоси моддаҳои кодекси ҷиноии «Сармоягузории терроризма», «Хиёнат ба давлат» ва ҳамчунин «Ташкили созмони террористӣ».

Худи Порошенко дар хориҷ аз Украина қарор дошта, аз эъломи айб тавассути почта огаҳ карда шудааст. Порошенко дар Истанбули Туркия барои мулоқот бо Патриархи Портилимуси Қустантиния (Патриарх Константинопольский Варфоломей) қарор дорад.

Ҷумҳуриҳои худхондаи ҷудоихоҳ дар Украина созмонҳои террористӣ эълом шудаанд. Пештар дар доираи парвандаи хариди ангишт аз ҷудоихоҳон зидди раиси Шӯрои сиёсии Ҳизби "Платформаи мухолифон барои ҳаёт" Виктор Медведчук айби хиёнат ба давлат эълом шуда буд.

Раиси Хадамоти амнияти Украина Иван Баканов 8 октябри соли равон хабар дода буд, ки ин ниҳод эҳтимоли "маслиҳат"-и Медведчук бо Порошенкоро таҳқиқ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...