Зинаи сеюми наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон, ки дар Беларус доир гардид, варзишгарони Тоҷикистон 16 медал ба даст оварда, зинаи 3-юми умумидаставиро ишғол намуданд.

Бо сабаби пандемия ин чемпионат дар Минск дар шароити маҳдудияти зиёд гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар мусобиқа зиёда аз 450 варзишгар аз 36 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи миллии таэквондо ITF ва кикбоксинги ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро 11 варзишгари наврас намояндагӣ карданд.

“Мунтахаби Тоҷикистон дар яке аз мусобиқаҳои муҳими мавсими имсола – Чемпионати ҷаҳон-2021 ба натиҷаи қаноатбахш ноил гардид. Хурсандиовар аст, ки даста 3 медали тилло ба даст оварда, се нафар дар даста ба унвони қаҳрамонҳои нави ҷаҳон шарафёб гардиданд”, – гуфт раиси Федератсия Мирсаид Яҳёев.

Аз рӯи натиҷаҳои чемпионат Шоҳзода Тоҷибоева дар барномаи «личный туль» (шахсӣ), Фотима Бегмуродова ва Муминҷон Нуров дар спарринг соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Дар барномаи «личный туль» Сабрина Оқилова ва Муминҷон Нуров, инчунин дастаи духтарони ҷумҳурӣ дар “тулҳо” ва техникаи махсус медалҳои нуқра гирифтанд.

Дар барномаҳои “туль» ва спарринг Севинҷ Қосимова ва Азиз Тоҷибоев, Амир Мадалиев, Назмия Осаққолова ва дастаи духтарон ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар техникаи махсус Фотима Бегмуродова ва дар барномаи худдифоӣ низ дастаи духтарон натиҷаи сеюми мусобиқаро нишон доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...