Фурӯшандаи 51-солаи силоҳи сард дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд

Дар Душанбе дар доираи амалиёти шартии "Корд" як сокини 51-солаи пойтахт, фурӯшандаи силоҳи сард боздошт шуд. Гуфта мешавад ӯ силоҳи сарду олоти буррандаро дар гузаргоҳи зеризаминии хиёбони Исмоили Сомонӣ ба фурӯш мебаровардааст. Дар натиҷаи азназаргузаронии фурӯшгоҳи ӯ 24 адад корди хурду калон, 6 адад чаки оҳанин (палочка), дастчӯбҳои оҳанин, резинӣ ва чӯбин, электрошокеру кастет ва […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе дар доираи амалиёти шартии "Корд" як сокини 51-солаи пойтахт, фурӯшандаи силоҳи сард боздошт шуд.

Гуфта мешавад ӯ силоҳи сарду олоти буррандаро дар гузаргоҳи зеризаминии хиёбони Исмоили Сомонӣ ба фурӯш мебаровардааст. Дар натиҷаи азназаргузаронии фурӯшгоҳи ӯ 24 адад корди хурду калон, 6 адад чаки оҳанин (палочка), дастчӯбҳои оҳанин, резинӣ ва чӯбин, электрошокеру кастет ва дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар Душанбе.

Зимни пурсиш боздоштшуда, иқрор шудааст, ки силоҳи сардро ба хотири ба даст овардани даромад ба фурӯш гузоштааст ва муштариёни асосии ӯ ноболиғону ҷавонон мебошанд. Акнун ӯ барои 5 шабонарӯз дар ҳабси маъмурӣ қарор хоҳад дошт.

Амалиёти “Корд” аз ҷониби милитсияи пойтахт барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард, бахусус миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҳолатҳои зӯровариву хушунат бо истифода аз яроқи сард дар Тоҷикистон тез-тез рух медиҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бепарвогии волидайну омӯзгорон ва кулли ҷомеа сабаби асосии пайдо шудани зуҳуроти манфӣ байни ноболиғон аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.