Кишварҳои мададрасон ҳаҷми кумаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон 2,1 баробар зиёд карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 94,8 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ин миқдор 2,1 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст, ки он замон ҳаҷми умумии кумак дар ифодаи пулӣ ҳудуди 45,2 млн долларро ташкил дода буд.

Дар зарфи 11 моҳи соли равон вазни умумии кумаки расида андаке бештар аз 28,5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ҳамин давраи соли гузашта он ба каме бештар аз 19,2 ҳазор тонна баробар буд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон аз 61 кишвари саросари дунё кумак дастрас намуд, ки 1 кишвар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Кишвари асосии мададрасони Тоҷикистон чун дар соли гузашта Чин боқӣ мемонад, ки дар зарфи 11 моҳ ба ҷумҳурии мо ба маблағи 35,2 млн доллар кумак кардааст.

Ҳиссаи Чин дар маблағи умумии кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон дастрасшуда 30,7%-ро ташкил медиҳад.

Байни кишварҳои мададрасон вазни қиёсии бештар аз лиҳози арзиши кумаки башардӯстона ба ИМА – 16,7%, Русия – 10,5%, Ҳиндустон– 5,7%, Ҷопон – 5,2%, Ҷумҳурии Корея – 4,8%, Туркия – 3,7%, Қазоқистон – 4,0%, Ӯзбекистон – 3,1%, Нидерланд – 2,2%, Олмон – 1,8%, Италия ва Белгия – 1,2%-ӣ, Швейтсария – 1,0%  ва дигар кишварҳо рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...