Дар Тоҷикистон боз ду ид зиёд шуд

Дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон дар доираи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи рӯзҳои ид қабул гардид. Аз ин пас дар Тоҷикистон ҳамасола 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин тарҳ Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимни муаррифии лоиҳаи мазкур гуфт, 20 […]

Дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон дар доираи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи рӯзҳои ид қабул гардид.

Аз ин пас дар Тоҷикистон ҳамасола 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин тарҳ

Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимни муаррифии лоиҳаи мазкур гуфт, 20 апрел ба хотири он ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти адлия таъин гардид, ки дар ин рӯзи соли 2021 Қонуни Ҷумуҳури Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлия” қабул гардид.

Номбурда илова кард, ки ҳарчанд дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид Рӯзи кормандони мақомоти адлия якшанбеи дуввуми моҳи октябр ҷашн гирифта мешуд, вале санаи мазкур ба ягон санад ё рӯйдоди таърихӣ рабт надошт.

Музаффар Ашуриён ҳамчунин, афзуд, ки 26 июл ба он хотир Рӯзи кормандони кормандони иҷрои ҷазои ҷиноятӣ эълон гардид, ки дар ин рӯзи соли 2002 Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ки идҳои мазкур бидуни рӯзи истироҳатӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.