OROY – тамғаи нави ҷаҳонии тарроҳи муд аз Тоҷикистон

Муқоваи шумораи моҳи ноябрии маҷаллаи машҳури ҷаҳон VOGUE (Португалия) бо яке аз либосҳои зебои ҳамватани мо, зани тоҷик Орой Шаҳидӣ зебу зинат ёфт, ки дар Лондон (Британияи Кабир) зиндагӣ ва корҳои нодири худро анҷом медиҳад. Тавре ки Орой ба “Азия-Плюс” хабар дод, чунин ҳафтаҳои мӯд ба мавсими баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистони намоишҳои либоси занона […]

Муқоваи шумораи моҳи ноябрии маҷаллаи машҳури ҷаҳон VOGUE (Португалия) бо яке аз либосҳои зебои ҳамватани мо, зани тоҷик Орой Шаҳидӣ зебу зинат ёфт, ки дар Лондон (Британияи Кабир) зиндагӣ ва корҳои нодири худро анҷом медиҳад.

Тавре ки Орой ба “Азия-Плюс” хабар дод, чунин ҳафтаҳои мӯд ба мавсими баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистони намоишҳои либоси занона дахл доранд, ки дар як сол ду маротиба (моҳҳои феврал ва сентябр) дар пойтахтҳои мӯди “чоргонаи бузург” – Ню-Йорк, Лондон, Милан ва Париж баргузор мешаванд.

Орой хеле хушнуд аст, ки кори ӯ дар маҷаллаи маъруф нашр шуадаст ва ин дастоварди бузергест барои тарроҳ.

Маҷмӯаи Орой чӣ гуна ба маҷаллаи VOGUE роҳ ёфт?

Пас аз хатми таҳсил Орой бисёр кор мекард. Ӯ маҷмӯаи нави тирамоҳиро барои иштирок дар намоиши мӯди London Fashion Week: September 2022SS омода карда, сипас ба Showroom дар Лондон фиристод.

Кори дипломии худро ӯ инчунин ба Showroom дар Los Angeles: Graduation Collection ирсол намуд. Стилистҳо дар Лос-Анҷелес кори тарроҳонеро, ки ба онҳо писанд меоянд, аз бисёр намунаҳо интихоб мекунанд. Ҳамин тавр, маҷмӯаи нави Орой дар мавзуи «Симург» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар навбати худ стилист моделҳои касбиро аксбардорӣ намуда , онро ба муҳаррири маҷалла мефиристад.

Муҳаррири VOGUE (Португалия) кори ӯро интихоб кард. Ба ин васила акси эҷоди тарроҳии ҳамватани мо ба муқоваи маҷллаи бонуфуз афтод.

Дар нашри онлайни маҷаллаи ҷаҳонии мусиқӣ ва фарҳанг, TMRW, ки пайваста мундариҷаи босифати андешаоварро тавлид мекунад, гузориш дода мешавад: “Тарроҳи тоҷик Орой Шаҳидӣ дар намоиши London Fashion Week бо муаррифии рақамии маҷмӯаи нави худ "Симурғ", ки ба номи як паррандаи афсонавии фарҳанги бостонии форсӣ номгузорӣ шудааст, моро мутаассир кард. Тасвири анъанавӣ палитраи (рангҳои нақши) рангҳои либосро илҳом бахшида, ансамбли зери оҳангҳои сабукро дар бар мегирад. Бо истифода аз усулҳои дӯзандагии дастӣ, куртабандӣ ва рангубор, маҷмӯа устувории таъсирбахш дорад, ки аз чарми қалбакӣ бофта шудааст, то ки кафолат дода шавад, ки куртаҳои ҷолиб бо матои  беш аз нисф дубора коркардшуда дӯхта шудаанд”.

Кори дигари тарроҳи ҷавон дар маҷлллаи NUMERO (филиали Русия) чоп шуд.

Ба гуфтаи Орой, айни замон ӯ рӯйи маҷмӯаи нав кор мекунад, инчунин бо шавқу ҳаваси беандоза ба тайёр кардани сарулибоси консертӣ барои сарояндагони муваффақи ҷаҳон шурӯъ намуд. Аммо номи ҳунармандони эстрадаро, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, ҳоло ифшо намекунад.

Ба наздикӣ дар Лондон ба кор даромадани як мағозаи мӯд ба доираи васеи харидорон эълон карда мешавад, ки дар он моделҳои OROY низ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Орой Шаҳидӣ пас аз хатми Донишгоҳи санъати Central Saint Martins дар Лондон дилпурона вориди ҷаҳони мӯди сатҳи баланд шуд.

– Ман нақшаҳои зиёд дорам, ҷаҳон бояд бештар дар бораи тоҷикон огаҳӣ дошта бошад. Ман ба мӯди муосир саҳми худро гузоштаниам. Таҳсил дар Central Saint Martins имкон медиҳад, ки аз захираҳои ҷиддӣ – китобхонаи бузург ва донишу таҷрибаи омӯзгорони варзида истифода бурда, бо ҷаҳони тарроҳони ҷаҳонӣ аз наздик ошноӣ пайдо кунам. Ба фикрам, ин ба ман имкон хоҳад дод, ки чӣ гуна таҷриба кардан бо унсурҳои анъанавии тоҷикиро омӯзам. Тоҷикон таъриху фарҳанги ғанӣ доранд ва ман дар нақша дорам, ки инро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ кунам”, – гуфта буд қаблан Орой.

Соли 2017 ӯ ба Central Saint Martins дохил шуда, соли 2020 таҳсилро пеш аз муҳлат ба итмом расонид. Ҳамасола то 4 ҳазор нафар хоҳишмандон ба ин донишгоҳ ҳуҷҷат месупоранд ва аз рӯи озмун 200 довталаб мегузарад. Пас аз мусоҳибаи касбӣ ва омӯзиши корҳои (портфолиои) онҳо, ҳамагӣ 100 нафар донишҷӯ мешаванд, ки таҳсили онҳо пулакист. Ин аввалин муваффақияти назаррасии Орой маҳсуб меёбад.

Ӯ маснуоти истеҳсолшударо мунтазам такмил медихад. Барои интихоби мавзӯи рисолааш ба Бухоро рафтан лозим омад.

“Илҳом вақте меояд, ки шумо дар ҷустуҷӯи доимӣ ҳастед”, – мегӯяд Орой.

Моҳи феврали соли 2019 дар намоиши мӯди «Fashion in Motion», ки дар осорхонаи Виктория ва Алберт” дар Лондон доир гардид, 20 нафар донишҷӯёни Central Saint Martins, аз ҷумла Орой Шаҳидӣ иштирок карданд. Корҳо ин донишҷӯён барои намоиш ба намояндагони осорхона ва хонаи мӯди Dior интихоб шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.