ВКД: Хабари боздошти Чоршанбе Чоршанбиев асос надорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошти размкори риштаи ММА ва блогери тоҷик Чоршанбе Чоршанбиевро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе рад кард ва гуфт, “ин хабарҳо асос надорад”. Аз дафтари матбуотии ВКД дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, агар чунин иттилое дар бораи истирдод ва боздошти ӯ пайдо шавад, дар сомонаи расмии ВКД пахш мекунанд ва расонаҳо аз он […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошти размкори риштаи ММА ва блогери тоҷик Чоршанбе Чоршанбиевро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе рад кард ва гуфт, “ин хабарҳо асос надорад”.

Аз дафтари матбуотии ВКД дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, агар чунин иттилое дар бораи истирдод ва боздошти ӯ пайдо шавад, дар сомонаи расмии ВКД пахш мекунанд ва расонаҳо аз он метавонанд истифода кунанд.

Хабари истирдоди Чоршанбе Чоршанбиев ба Тоҷикистон ва боздошти ӯро баъди зуҳри имрӯз, 30 декабр пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News» нашр кард. Пойгоҳ навишт, ӯ шаби 29-30 декабр ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар фурудгоҳ ӯро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дастгир кардаанд.

Дирӯз, 29 декабр додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷи Чоршанбиевро қонунӣ эътироф карда, қарори додгоҳи Останкинои Маскавро бидуни тағйир гузоштБа ин тариқ, Чоршанбиев бояд дар наздиктарин фурсат хоки Русияро тарк мекард.

Чоршанбиев ихроҷашро дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав мунтазир буд.

Ӯ аввали моҳи декабр ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Русия таъин шуд. 

Чоршанбиев навори видеоии яке аз лаҳзаҳои рондани автомашинаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки дар он блогер сари чанбараки “Toyota Camry” бо нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар нақби Лефортово мошин меронад.

Нисбати Чоршанбиев мутобиқи моддаи 18.8 (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия) санади маъмурӣ тартиб дода шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.