Вакили нави порлумон узви Иттифоқи нависандагон шуд. Аъзои нави дигар кистанд?

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз рӯйхати ҳизби ҳокими Халқии демкоратӣ ваколати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро ба даст овард, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ интихоб шудааст. Дар ин бора Иттифоқи нависандагон хабар медиҳад. Муҷибахон Ҷавҳарӣба  ба унвони нависанда аъзои ин созмони эҷодӣ шудааст ва то замони вакили порлумон шуда мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Исфара буд. […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз рӯйхати ҳизби ҳокими Халқии демкоратӣ ваколати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро ба даст овард, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ интихоб шудааст. Дар ин бора Иттифоқи нависандагон хабар медиҳад.

Муҷибахон Ҷавҳарӣба  ба унвони нависанда аъзои ин созмони эҷодӣ шудааст ва то замони вакили порлумон шуда мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Исфара буд.

Дар баробари Ҷавҳарӣ, ҳамчунин, шоирон Иброҳими Наққош, Ҷавҳари Саидназар (Лолаи Саидакбар), Абдуманнони Хаммор (Абдуманнон Одинаев), нависанда Шоҳбегим ва тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод ба сафи аъзои нав Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайвастаанд.

Ҳамчунин, шоирони тоҷики Ӯзбекистон Ҷаъфар Муҳаммад, Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ, нависанда Юнуси Имомназар ва шоири тоҷиктабори муқими Русия Алексей Авғонов аъзои ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуданд. 

Ҳудудан 5 рӯз пештар Муҷибахон Ҷавҳарӣ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб гардида, савганд ёд карда буд. Ӯ ба ҷои Қосимзода Идигул Тағо, ки бинобар фавташ ваколати вакилиаш пеш аз муҳлат қатъ гардид, ба курсии вакилӣ нишаст.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ соли 1971 дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. 

Ӯ аз соли 1993 то 2005 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №27-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, то 2010 мудири ҳамин мактаб ва то соли 2014 ҳам сардори бахши маорифи шаҳри Исфара будааст. Аз ҳамон сол то 2020 дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ёвари мудири кулли ҶСК "Ангишт", муовин, баъдтар мудири филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара таъйин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.