ВКД: Хабари боздошти Чоршанбе Чоршанбиев асос надорад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошти размкори риштаи ММА ва блогери тоҷик Чоршанбе Чоршанбиевро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе рад кард ва гуфт, “ин хабарҳо асос надорад”.

Аз дафтари матбуотии ВКД дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, агар чунин иттилое дар бораи истирдод ва боздошти ӯ пайдо шавад, дар сомонаи расмии ВКД пахш мекунанд ва расонаҳо аз он метавонанд истифода кунанд.

Хабари истирдоди Чоршанбе Чоршанбиев ба Тоҷикистон ва боздошти ӯро баъди зуҳри имрӯз, 30 декабр пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News» нашр кард. Пойгоҳ навишт, ӯ шаби 29-30 декабр ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар фурудгоҳ ӯро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дастгир кардаанд.

Дирӯз, 29 декабр додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷи Чоршанбиевро қонунӣ эътироф карда, қарори додгоҳи Останкинои Маскавро бидуни тағйир гузоштБа ин тариқ, Чоршанбиев бояд дар наздиктарин фурсат хоки Русияро тарк мекард.

Чоршанбиев ихроҷашро дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав мунтазир буд.

Ӯ аввали моҳи декабр ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Русия таъин шуд. 

Чоршанбиев навори видеоии яке аз лаҳзаҳои рондани автомашинаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки дар он блогер сари чанбараки “Toyota Camry” бо нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар нақби Лефортово мошин меронад.

Нисбати Чоршанбиев мутобиқи моддаи 18.8 (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия) санади маъмурӣ тартиб дода шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...