Дар Тоҷикистон ҷашни Сада 30-юми январ таҷлил мешавад

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 30 январи соли равон дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад. Дар назар аст, ки дар ин рӯз, ҳамчунин намоиш ва фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ низ баргузор шавад. Гуфта мешавад, ба ҷуз ин, маҳсулоти кишоварзӣ низ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ низ баргузор […]

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 30 январи соли равон дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад. Дар назар аст, ки дар ин рӯз, ҳамчунин намоиш ва фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ низ баргузор шавад.

Гуфта мешавад, ба ҷуз ин, маҳсулоти кишоварзӣ низ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ низ баргузор мешаванд ва дар фарҷом тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа пешбинӣ шудааст.

– Дар Ҷашни "Сада" намоши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ, афрӯхтани гулханҳо, намоиши техникаю мошинолоти кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати кишоварзӣ

Ҳамчунин дар як гӯша олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба киштукори баҳорӣ тавсияҳо медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳам, 31 январ дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Сада чорабиниҳо баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".