Дабири кулли СПАД: “Барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ба Тоҷикистон кумак лозим аст”

Дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас дар бораи зарурати кумак ба Тоҷикистон дар пешгирӣ аз таҳдидҳои имконпазир изҳори назар кард. Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, дар ҷаласаи Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робитаҳо бо ҳамватанон ӯ ба вакилон доир ба вазъият дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ дар Аврупои […]

Дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас дар бораи зарурати кумак ба Тоҷикистон дар пешгирӣ аз таҳдидҳои имконпазир изҳори назар кард.

Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, дар ҷаласаи Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робитаҳо бо ҳамватанон ӯ ба вакилон доир ба вазъият дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ дар Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ маълумот дода, таҳдидҳоеро, ки метавонанд аз қаламрави Афгонистон ба амал оянд, баён кард.

“Дар пешгирӣ аз таҳдидҳои имконпазир ба Тоҷикистон кумак кардан зарур аст”, – таъкид дошт дабири кулли СПАД.

Гуфта мешавад, Станислав Зас ҳамчунин ба вакилон дар бораи натиҷаҳои амлиёти истиқрори сулҳ дар Қазоқистон маълумот дода, зикр кард, ки дар байни ҳайати шахсӣ, силоҳу муҳимот ва техника талафот нест.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тариқи видеоконфронс аз аъзои Шӯро даъват кард, ки ба мавҷудияти гуруҳҳои хуфтаи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии байнулмилалӣ дар кишварҳои узви СПАД, инчунин талошҳои онҳо баҳри ҷалб ва таблиғ миёни шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Ҳамчунин президент даъват кард, ки ба ҳамкории мутақобилаи мақомоти салоҳиятноки кишварҳои узви Созмон дар муқовимат ва рафъи ин таҳдилду чолишҳо тақвият бахшида шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".