Либоси тавсиявии Вазорати фарҳанг барои мардҳо. Акнун навбати назорати мардон расид?

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон то ба ҳол ба хулосае наомадааст, ки тарҳи сару либоси тавсиявии мардона дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд. Дар ин бора вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти мутбуотии имрӯза, 31 январ хабар дод. Вазири фарҳанг гуфт, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон аллакай омода ва барои ҷомеа пешниҳод шудааст, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон то ба ҳол ба хулосае наомадааст, ки тарҳи сару либоси тавсиявии мардона дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд. Дар ин бора вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти мутбуотии имрӯза, 31 январ хабар дод.

Вазири фарҳанг гуфт, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон аллакай омода ва барои ҷомеа пешниҳод шудааст, вале дар мавриди дастурамали либосҳои тавсиявии мардони Тоҷикистон кор бурда истодаанд.

– Баъди пурра мавриди баррасӣ қарор гирифтани дастурамали мазкур, мо ба ВАО иттилоъ хоҳем дод. Айни ҳол корбарӣ рафта истодааст,-афзуд Зулфия Давлатзода.

Вазири фарҳанг дар нишаст гуфт, ки дар сурати ниҳоӣ шудани либосҳои тавсиявӣ барои мардон, ин тарҳро барои ҷомеа пешниҳод хоҳанд кард. 

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросими дигар танзим мекунад.

Ин ниҳод афзуда буд, ки «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҳосили кори се идораи давлатӣ – Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон буд.

Гуфта мешуд, ки ин дастурамал бо ҷалби тарроҳону донандагони анъанаҳои либоси миллӣ таҳия шудааст, ба занону духтарони синни гуногун – аз 7 то 60-сола ва аз он боло пӯшидани навъҳои либосҳои ба қавли муаллифон “миллии муосири тоҷикӣ”-ро машварат медиҳад.

Ин тарҳ дар ҷомеа вокунишҳои зиёдеро барангехта буд ва бархеҳо мегуфтанд, ки мақомот ба василаи ин тарҳҳо тмехоҳанд либоспӯшии бахше аз қишрҳои ҷомеаро назорат кунанд. 

Ҳамин тариқ, моҳи ноябри соли 2017 як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс”  хабар дод, ки сарулибоси кормандони вазорату идораҳо дар Тоҷикистон ягона ва мутобиқ ба нишон ё аломати фарқкунандаи ин ё он вазорату идора хоҳад шуд.

Аммо дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфта буданд, ки вазорат барои навъҳои сарулибоси занона бо услуби миллӣ тарҳҳо омода намудааст.

«Назди лоиҳаи мо вазифа гузошта нашуда буд, ки барои идораҳои ҷудогона либоси ягона омода намоем, онҳо (кумитаву вазоратҳо) худашон мустақилона барои худ шакли сарулибосро интихоб карда метавонанд», – гуфта буданд дар вазорат.

Гуфта мешуд, ки дар Кумитаи кор бо занон ва Кумитаи заминсозиву геодезия аллакай барои кормандонашон андозаи сарулибосро гирифтаанд.

Аммо онҳоро гӯё президенти Тоҷикистон маъқул нашуморидааст ва бинобар ин онҳо барои коркарди дубора ба муаллифонашон баргардонида шудаанд. Рӯи албоми тарҳҳо айни замон комиссияи махсус кор мекунад.

Баҳси сарулибоси ягона дар Тоҷикистон солҳост, ки доғ аст. Мақомот бархе сару либоси занонро ба фарҳанги бегона рабт медиҳанд ва тарҳи либосҳое аз фарҳанги миллиро пешниҳод мекунанд. Вале аҳолӣ мегӯянд, Тоҷикистон давлати демократӣ аст ва ҳар кас ҳақ дорад сарулибсои хости худро ба бар намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст